Генерали амрикоӣ ҳамкории мунтазами низомии Тоҷикистону ИМА-ро баланд арзёбӣ кард

Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико генерал Ҷозеф Вотел бо мақсади вохӯрӣ бо раҳбарони баландмақоми Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати ИМА дар ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Бо натиҷагирӣ аз ин сафар сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи ҶТ генерал-майор […]

Иттилоияи расмӣ



Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико генерал Ҷозеф Вотел бо мақсади вохӯрӣ бо раҳбарони баландмақоми Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати ИМА дар ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бо натиҷагирӣ аз ин сафар сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи ҶТ генерал-майор Эмомалӣ Собирзода , ноиби раиси КДАМ ҶТ, генерал-майор Мансурҷон Умаров ва муовини якуми раиси КДАМ – сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ як қатор масъалаҳои муштарак роҷеъ ба амният мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамкории мунтазами ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳарбӣ аз ҷониби генерал баланд арзёбӣ гардид.

«Дар ҷараёни вохӯриҳои сатҳи баланд генерал Вотел моҳияти ҳамкории зеринро, ки баҳри таъмини субот ва ободию шукуфоии Тоҷикистон равона шудааст, таъкид намуд. Дар тӯли 25 соли ҳамкориҳои муштарак ИМА ва Тоҷикистон ба давраи пешрафт, ки он ба раванди табаддул дар Тоҷикистон ва баъдан ба суботу ободӣ ва шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ саҳм ва мусоидат намудаст, метавонанд назар кунанд. Кӯшишу талоши муштараки ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳарбӣ асосан ба масоили амнияти марзӣ, мубориза алайҳи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона карда шудаанд», – қайд мешавад дар маълумоти сафорат.

Гуфта мешавад, беш аз ду даҳсола ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ идома ёфта, ҳамзамон ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз соли 1992 то ин ҷониб ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, ки ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, соҳибкорӣ, тандурустӣ ва маориф, васоити ахбори оммаи мустақил ва ҷомеаи шарҳвандӣ равона карда шудаанд, беш аз 1 млрд. доллари ИМА маблағ ҷудо намудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?