Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе озмун эълон кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе, озмунҳо то 16 июл идома ёфта, рӯзи 21 июл натиҷаҳои он ҷамъбаст мешаванд.
Гуфта мешавад, довталаб бояд дар вазифаи раҳбарикунанда таҷрибаи корӣ ва ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.





