Сарвазир бо рафти корҳои сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон шинос шуд

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳани ДушанбеХатлон ва  сохтмони корхонаҳои саноатӣ  дар ноҳияи Ёвон шинос шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо ҷараёни бунёди иншооти роҳи оҳан аз истгоҳи шаҳри Ваҳдат то истгоҳи Ёвон шинос шуда, барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои бунёди роҳ масъулини […]

АМИТ «Ховар»



Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳани ДушанбеХатлон ва  сохтмони корхонаҳои саноатӣ  дар ноҳияи Ёвон шинос шуд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо ҷараёни бунёди иншооти роҳи оҳан аз истгоҳи шаҳри Ваҳдат то истгоҳи Ёвон шинос шуда, барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои бунёди роҳ масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифадор намуд.

Тавре маълум гардид, дар сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Хатлон  дар айни замон 329 нафар машғули корҳои васлу насби қисмҳои асосии роҳ ва бунёди нақбу кӯпрукҳо буда, бо ин мақсад ҳамчунин зиёда аз 150  адад техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ сафарбар карда шудаанд. Ҷамъи масофаи роҳи бунёдшуда то имрӯз зиёда аз 32 км-ро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмони нақбу пулҳои ин лоиҳа ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудаанд.

Хотиррасон мешавад, ки дарозии роҳи оҳани Душанбе-Хатлон аз истгоҳи Ваҳдат то Ёвон 40,7 км буда  4,33 км-и онро нақбу пулҳо ташкил медиҳанд.

Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни сохтмони Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Джунг-Тсай Моҳир Семент» шинос шуд. Ин корхона аз тарафи соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов  бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми  958 миллион сомонӣ ва бо иқтидори истеҳсолии 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар як сол бунёд гардида, оянда дар он 850 нафар бо ҷоий кор таъмин мешаванд.

Дар заминаи корхонаи мазкур бунёду ба истифода додани коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ бо иқтидори 1 миллион метри мураббаъ дар як сол ва коргоҳи истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ бо 80 миллион дона дар як сол дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои   бунёди  Корхонаи криолит, алюминийии фтордор ва кислотаи сулфат шинос шуд. Сохтмони ин корхона  моҳи майи соли 2008-ум шурӯъ гардида, арзиши умумии лоиҳаи бунёди он  126  миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот 620  нафар бо ҷойи кор ва  маоши баланд таъмин буда, дар сурати бо иқтидори пурра ба кор шурӯъ кардани корхона наздик ба 800 нафар сокинони мамлакат соҳиби ҷойи кори доимӣ бо   маоши баланд  мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.