Ҳукми дубораи ҳабси абад ба собиқ президенти Миср

Собиқ президенти Миср ва роҳбари ҳизби фаъолияташ мамнӯъи «Ихвонул-муслимин» Муҳаммад Мурсӣ бо қарори додгоҳ бори дигар барои як умр аз озодӣ маҳрум карда шуд. Бино ба иттилои шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», ин навбат ӯро барои ифшои сирри давлатӣ ба манфиати Қатар гунаҳкор донистанд. Қарори мазкур аз ҷониби Суди шаҳри Қоҳира содир карда шуд. Тибқи қонунгузории маҳаллӣ […]

ASIA-Plus



Собиқ президенти Миср ва роҳбари ҳизби фаъолияташ мамнӯъи «Ихвонул-муслимин» Муҳаммад Мурсӣ бо қарори додгоҳ бори дигар барои як умр аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Бино ба иттилои шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», ин навбат ӯро барои ифшои сирри давлатӣ ба манфиати Қатар гунаҳкор донистанд. Қарори мазкур аз ҷониби Суди шаҳри Қоҳира содир карда шуд. Тибқи қонунгузории маҳаллӣ ҳабси абад ба маҳрум кардани 25 сол аз озодӣ баробар аст.

Гуфта мешавад, Мурсиро қаблан бо ҳамин ҷурм ба ҳабси абад маҳкум карда буданд. Ғайр аз ин нисбат ба ӯ ҳамчунин барои ҳодисаи фирори маҳбусон дар соли 2011-ум ҳукми қатл эълон гардида буд. Дар баробари собиқ президент ҳамчунин 2 нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум карда шуданд. Ҳамаи инҳо барои дастрас кардани ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ ба Давҳа оид ба Артиш ва хароҷоти буҷаи он гунаҳкор дониста шуданд.

Зимнан додгоҳ қарори 6 нафарро, ки ба қатл маҳкум шудаанд, бетағйир гузоштааст, ки миёни онҳо коргардони идораи иттилоотии шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира»-и давлати Қатар ва як рӯзноманигорзани дигар ҳузур доранд. Ду нафар аз ҳукмгирифтагон мавриди пайгард қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки дар маҷмӯъ дар парвандаи ҳодисаи амалҳои ҷосусӣ 11 нафар қарор доранд. Мурофиаи судии гунаҳкорону гумонбарон 19 моҳ идома ёфта, дар ин муддат беш аз сад ҷаласаи судӣ баргузор гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.