Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар суди ноҳияи Фирдавсӣ мурофиа оид ба баррасии парвандаи адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов идома меёбад;

– Дар ҷаласаи Шӯрои миллӣ оид ба рушди назди президенти Тоҷикистон лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ мешавад;

– Дар Тошканд Машварати 13-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шурӯъ мекунад;

– Дар даври 1/8 финалии мусобиқаи ҷаҳонии дарёфти иҷозатнома оид ба бокс дар шаҳри Боку муштзанони тоҷик – Анвар Юнусов, Файзен Раҳматшоев ва Шавкатҷон Раҳимов иштирок мекунанд.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8685

сомонӣ;


1

евро –

8.9189

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1202

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1992

– Дар ноҳияҳои Вахш ва Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа задухӯрдҳои нахустини мусаллаҳона сурат гирифтанд, ки ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон замина гузоштанд.


2012

— Дар вилояти Ботканди Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, 16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистони машғули савдо дар бозори «Равоти кабуд» гаравгон гирифта шуданд.


1902-1985

– Зодрӯзи рассом, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Юсуф Рауфӣ.


1932-1996

– Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Юсуф Исҳоқӣ.


1941-1999

– Зодрӯзи оҳангсоз Маҷнун Баротов.


1950

— Мавлуди рӯзноманигор Турко Дикаев.


1954

– Зодрӯзи журналист, сардабири рӯзномаи «ВиД» Баҳодур Зоҳиров.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +13+18.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.

spot_imgspot_img

Популярное