Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар суди ноҳияи Фирдавсӣ мурофиа оид ба баррасии парвандаи адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов идома меёбад; – Дар ҷаласаи Шӯрои миллӣ оид ба рушди назди президенти Тоҷикистон лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ мешавад; – Дар Тошканд Машварати 13-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар суди ноҳияи Фирдавсӣ мурофиа оид ба баррасии парвандаи адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов идома меёбад;

– Дар ҷаласаи Шӯрои миллӣ оид ба рушди назди президенти Тоҷикистон лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ мешавад;

– Дар Тошканд Машварати 13-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шурӯъ мекунад;

– Дар даври 1/8 финалии мусобиқаи ҷаҳонии дарёфти иҷозатнома оид ба бокс дар шаҳри Боку муштзанони тоҷик – Анвар Юнусов, Файзен Раҳматшоев ва Шавкатҷон Раҳимов иштирок мекунанд.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8685

сомонӣ;


1

евро –

8.9189

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1202

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1992

– Дар ноҳияҳои Вахш ва Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа задухӯрдҳои нахустини мусаллаҳона сурат гирифтанд, ки ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон замина гузоштанд.


2012

— Дар вилояти Ботканди Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, 16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистони машғули савдо дар бозори «Равоти кабуд» гаравгон гирифта шуданд.


1902-1985

– Зодрӯзи рассом, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Юсуф Рауфӣ.


1932-1996

– Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Юсуф Исҳоқӣ.


1941-1999

– Зодрӯзи оҳангсоз Маҷнун Баротов.


1950

— Мавлуди рӯзноманигор Турко Дикаев.


1954

– Зодрӯзи журналист, сардабири рӯзномаи «ВиД» Баҳодур Зоҳиров.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +13+18.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.