Ба беш аз 200 нафар хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ рутбаи лейтенант дода шуда, дар бораи хатми мактаби олӣ дипломҳо супурда шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод, дар маросими тантанавӣ ба муносибати хатми афсарони донишкада раҳбарияти Вазорати мудофиа, собиқадорони артиш ва пайвандону наздикони афсарони ҷавон ширкат варзиданд. «Афсарони ҷавон барои идомаи хизмати минбаъда ба гарнизонҳои саросари кишвар роҳхат гирифтанд», – гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки чорабинии тантанавӣ бо маросими хайрбоди афсарони ҷавон бо Парчами ҷангии донишкада анҷом пазируфт.
Қобили зикр аст, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон соли 1993 таъсис дода шуда, аз рӯи 15 ихтисос афсар омода мекунад. Беш аз 70%-и ҳайати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дастпарварони ин донишкада ташкил медиҳанд.





