Ба сафҳои артиш пайвастани 200 лейтенанти ҷавон

Ба беш аз 200 нафар хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ рутбаи лейтенант дода шуда, дар бораи хатми мактаби олӣ дипломҳо супурда шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод, дар маросими тантанавӣ ба муносибати хатми афсарони донишкада раҳбарияти Вазорати мудофиа, собиқадорони артиш ва пайвандону наздикони афсарони ҷавон ширкат […]



Ба беш аз 200 нафар хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ рутбаи лейтенант дода шуда, дар бораи хатми мактаби олӣ дипломҳо супурда шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод, дар маросими тантанавӣ ба муносибати хатми афсарони донишкада раҳбарияти Вазорати мудофиа, собиқадорони артиш ва пайвандону наздикони афсарони ҷавон ширкат варзиданд. «Афсарони ҷавон барои идомаи хизмати минбаъда ба гарнизонҳои саросари кишвар роҳхат гирифтанд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки чорабинии тантанавӣ бо маросими хайрбоди афсарони ҷавон бо Парчами ҷангии донишкада анҷом пазируфт.

Қобили зикр аст, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон соли 1993 таъсис дода шуда, аз рӯи 15 ихтисос афсар омода мекунад. Беш аз 70%-и ҳайати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дастпарварони ин донишкада ташкил медиҳанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.