Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати парлумони Эстония

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония бо Маҷлиси намояндагон Ааду Муст ва ҳамроҳони ӯ Юлле Муст, Маргус Солнсон мулоқот намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар мулоқот бештар ба масъалаи густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони […]

ASIA-Plus



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония бо Маҷлиси намояндагон Ааду Муст ва ҳамроҳони ӯ Юлле Муст, Маргус Солнсон мулоқот намуд.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар мулоқот бештар ба масъалаи густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Эстония — Рийгикогу таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ва Эстония имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҳарду кишвар муҳокима гардида, ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо назардошти имконоти нави воридшавӣ ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд ва нақши транзитии Эстония, аз ҷумлаи бандарҳои обии он низ муҳим дониста шуд.

Роҳбари гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония бо Маҷлиси намояндагон Ааду Муст низ дар навбати худ хостори густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварашон бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шуда ва илова намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония ба шаҳри Душанбе баррасии масъалаи тақвияти ин ҳамкориҳо ба шумор меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.