Зимни ҷаласаи Раёсати Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай дар доираи ҷаласаи 15-уми ҷашнии сарони кишварҳои Созмон дар шаҳри Тошканд, рӯзи 23 июн миёни Палатаи савдо ва саноати Русия ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Ёддошт оид ба таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Русия ба тасвиб расид, ки зери ин санад роҳбарони Палатаҳои ҳарду кишвар Шариф Саид ва Сергей Катирин имзо гузоштанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ҷонибҳо нақши Шӯрои кории «Тоҷикистон – Русия»-ро дар роҳандозии муколамаи пурсамар миёни ширкатҳои манфиатдор ва корхонаҳои ҳарду кишвар бо мақсади рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ таъкид намуданд.
Бо назардошти вазифаҳои гузошташуда, солҳои наздик дар фаъолияти Шӯрои корӣ ба амалисозии лоиҳаҳои дуҷониба бо ҷалби сохторҳои манфиатдори давлатӣ ва тиҷоратии кишварҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод – гидроэнергетика, саноати истихроҷи кӯҳӣ, мошинсозӣ, металлургия, индустрияи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркард, комплекси агросаноатӣ, нақлиёт, телекоммуникатсия ва алоқа, ҳамкории илмиву техникӣ, маориф, туризм ва тандурустӣ бартарӣ дода мешавад.





