Иди саиди Фитр 6 июл ҷашн гирифта мешавад

Бо қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр санаи 6 июл ҷашн гирифта мешавад. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соати 06-30 дақиқаи субҳи рӯзи 6 июл дар ҳамаи масҷидҳои кишвар намози ид доир мегардад. Мутобиқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», […]



Бо қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр санаи 6 июл ҷашн гирифта мешавад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соати 06-30 дақиқаи субҳи рӯзи 6 июл дар ҳамаи масҷидҳои кишвар намози ид доир мегардад.

Мутобиқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», санаи ҷашнгирии анҷоми моҳи шарифи Рамазон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ёдрас мекунем, ки имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 6 июн

шурӯъ гардида буд.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.

Рӯзи ид баъд аз супурдани фитри рӯза ва адои намози идона, мардум ба зиёрати хешовандону наздикон ва иддае барои фотеҳахонӣ сари мадфани гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона густурда шуда, кӯдакон низ бо табрикот ба хонаҳо мераванд ва ба онҳо дастовезҳои идона дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 17 ҳазору 400 сомонӣ воситаҳои зиёдатӣ доранд. Аз ин маблағ онҳо бояд 435 сомонӣ хайр кунанд.

Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 5 сомонӣ барои 1 моҳ ба 1 нафар муқаррар шудааст. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (касоне, ки имкони рӯзагирӣ надоранд), 600 сомонӣ мукаррар шудааст, яъне ин афрод ҳар рӯзи моҳи рамазон бояд 20 сомонӣ хайрия диҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.