Ахири ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сафири тозатаъини Австралия дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав Питер Теш вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи ТоҷикистонуАвстралия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, ҷонибҳо масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карда, И.Сатторов қайд кардааст, ки дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди тиҷорати хурду миёна тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Гуфта мешавад, И.Сатторов таъкид доштааст, ки шароити мавҷуда дар Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодиву энергетикӣ ва сайёҳиву дигар соҳаҳо ба роҳандоҳии ҳамкориҳои пурсамар миёни кишвар имкон дода, ба муносибатхои дуҷонибаи дӯстона ва барои тарафайн судманд таҳким мебахшад.
Питер Теш дар навбати худ зикр кардааст, ки аз ояндаи наздик ба президенти Тоҷикистон супурдани эътимодномааш хушнуд буда, расман ба иҷрои уҳдадориҳои худ мепардозад.
Сафири Австралия ҳамчунин изҳор доштааст, ки барои ба сатҳи нави сифатан нав баромадани ҳамкориҳо миёни кишварҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, тайи 5 соли соли равон ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Австралия ҳудуди 40 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 10 млн. доллари ИМА-и он ба содироти маҳслуот аз Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.





