Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 июли соли 2016 Маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2016 бо иштироки аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорон, котибони илмӣ, ходимони пешбари илмии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Академияҳои соҳавӣ, вазорату идораҳо ва намояндагони ВАО баррасӣ ва муҳокима гардид.
Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 фаъолияти илмӣ ва илми-ташкилиро тибқи супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, дар ин давра 2 маҷлиси умумии АИ ҶТ, 4 маҷлиси тантанавии АИ ҶТ, 6 ҷаласаи васеъ ва 15 ҷаласаи Раёсати АИ ҶТ–ро баргузор намуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2016 ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1630 ҳуҷҷат, аз ҷумла 41 Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 350 супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 722 мактубҳо аз вазорату идораҳои дахлдор ва 488 мактуб аз муассисаҳои илмии зертобеи Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ворид гардиданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2016 аз ҷониби олимони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50 китобу монография, 640 мақолаҳои илмӣ дар дохили кишвар, 65 мақолаҳои илмӣ дар хориҷи кишвар ва 250 вокуниш ба ВАО ба нашр расонида шуд.
Дар нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 66 номгӯи асарҳои илмӣ, маҷмуаи маколаҳо, маҷаллаҳои «Ахбори АИ ҶТ» ва «Гузоришҳои АИ ҶТ» дар ҳаҷми 7076 ҷузъи чопӣ бо теъдоди умумии 9800 нусха интишор гардид. Теъдоди корҳои интишоргардида дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7 номгӯй зиёд аст.
Муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 29 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 Симпозиуми байналмилалӣ, 3 конференсияи илмии байналмилалӣ, 10 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 2 сессияи илмӣ, 10 семинари илмӣ ва 2 мизи мудаввар доир намуданд.
Дар Маҷлиси умумии АИ ҶТ вазифаҳои асосии АИ ҶТ дар нимсолаи дуюми соли 2016 муайн карда шуданд
Дар муҳокимаи маърӯзаи президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2016 директори Институти химияи ба номи В.И.Никитин Зайниддин Муҳиддимнов, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Зикриё Акрамӣ ва дигарон суханронӣ намуда, фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нимсолаи якуми соли 2016 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Оид ба масъалаи муҳокимагардида қарори дахлдори Маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Дар охири Маҷлиси умумӣ барои мусоидат ҷиҳати сари вақт ва дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани маросими аз нав ба кор оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии «Санглох»-и Институти астрофизикаи АИ ҶТ, ки 8-уми июни соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, 22 нафар кормандони Раёсати АИ ҶТ бо «Ифтихорномаи АИ ҶТ» сарфароз гардонида шуд.





