Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи баргузории амалиёти «Ҳавои тоза» дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ эълон интишор кард.
Дар ин эълоне, ки имрӯз, 5 июл дар торнамои расмии ВКД Тоҷикистон ба чоп расидааст, қайд мешавад, ки амалиёти мазкур аз 11 то 21 июл бо мақсади кам кардани таъсири зараровари ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ба муҳити атроф гузаронида мешавад.
Зимнан аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуда, талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд ва воситаҳои нақлиёти худро дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ дошта, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.





