Шиносоии нахуствазир бо ҷараёни рафъи оқибатҳои табиӣ дар Суғд

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзҳои 4-5 июл аз вилояти Суғд боздид намуда, бо ҷараёни корҳо оид ба рафъи оқибатҳои табиӣ дар шаҳру навоҳии ин минтақа шинос шуд. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар шаҳри Панҷакент Қоҳир Расулзода бо рафти сохтмони хонаҳои нав барои аҳолии аз офати табиӣ […]



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзҳои 4-5 июл аз вилояти Суғд боздид намуда, бо ҷараёни корҳо оид ба рафъи оқибатҳои табиӣ дар шаҳру навоҳии ин минтақа шинос шуд.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар шаҳри Панҷакент Қоҳир Расулзода бо рафти сохтмони хонаҳои нав барои аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ҷамоати Халифа Ҳасан аз наздик ошно гардид.

Тавре қаблан

иттилоъ дода будем

, бар асари боришоти шадиди нимаи моҳи май дар ин ҷамоат беш аз 15 манзили зист пурра ва қисман хароб гардида, ба хоҷагии халқи шаҳри Панҷакент зиёни назаррас расида буд.

Бо дастури президенти мамлакат сохтмони манзилҳои нав барои сокинони аз офати табиӣ осебдида бояд то 1 августи соли равон ба итмом расад.

Дар ҷараёни сафар нахуствазири кишвар ҳамчунин бо рафти корҳои бартараф намудани оқибатхои офати табиӣ дар чанде аз деҳаҳои ноҳияи Ашт ва Айнӣ низ шинос шуд.

Қоҳир Расулзода ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дод, ки дар ҳалли мушкилот ба сокинони осебдида дасти мадад дароз намуда, аз онҳо иҷрои саривақтии корҳои рафъи оқибатҳои табииро мутобиқи нақшаву лоиҳаҳои мукарраршуда тақозо намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.