Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар фурудгоҳи пойтахт ҳангоми кӯшиши интиқоли ғайриқонунии як миқдор доллари ИМА ба Туркия шҳрванди кишвар А.З.-ро боздошт намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, дар бағочи мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе – Истанбул 26 ҳазору 900 доллари ИМА дарёфт шуда, ҳангоми санҷиш муайян гардидааст, ки шаҳрванд А.З. аз маблағҳои дарёфтгардида ба кормандони мақомоти гумрук ба маблағи 9 ҳазор доллари ИМА эъломияи гумрукӣ пешниҳод карда, аммо боқимондаи маблағҳоро, ки 26 ҳазору 910 доллари ИМА ва 78,50 лираи Туркияро ташкил медиҳанд, бидуни эъломияи гумрукӣ пба Туркия бурданӣ будааст.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 289, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, он ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол гардидааст. Дар ин моддаи Кодекси ҷиноӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 10 то 36 ҳазор сомонӣ ва ҷазои маҳрумият аз озодӣ то 5 сол пешбинӣ шудааст.







