Густариши робитаҳои парлумонии Тоҷикистону Русия

Дар шаҳри Маскав рӯзи 5 июл таҳти раёсати муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва муовини раиси Шӯрои федератсияи Русия Евгений Бушмин ҷаласаи 6-уми Комиссия оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Шӯрои федератсияи Маҷлиси федералии Русия доир гардид. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон […]



Дар шаҳри Маскав рӯзи 5 июл таҳти раёсати муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва муовини раиси Шӯрои федератсияи Русия Евгений Бушмин ҷаласаи 6-уми Комиссия оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Шӯрои федератсияи Маҷлиси федералии Русия доир гардид.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, зимни ҷаласа Евгенйи Бушмин таъкид доштааст, ки ҳамкориҳои зичи Русияву Тоҷикистон ба омилҳои ҳам таърихиву ҳам ҷуғрофӣ асос ёфта, рушди робитаҳои ҳамгиройӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни кишварҳо муҳим аст. «83 субъекти Русия дар сатҳҳои гуногун бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд», – хотиррасон кардааст ӯ.

Дар навбати худ Абдураҳмон Қодирӣ қайд кардааст, ки муносибатҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо ахиран ба сатҳи нав баромада, робита ва ҳамкориҳои судманд дар шаклҳои гуногун густариш меёбанд.

Гуфта мешавад, дар доираи кори ҷаласа ҷонибҳо нақшаи кори Комисия барои нимсолаи дуюми соли равонро баррасӣ ва ҳаййатҳои ҳарду тараф дар ин комиссияро тасдиқ намуда, атрофи ҷараёни иҷрои нақшаи кор дар давраи баъди ҷаласаи панҷум (12 ноябри соли гузашта) табодули назар кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласа қарор шудааст, ки Форуми 5-уми байнулмилалии «Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминатқавӣ» моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.