Қирғизистон ҳамоно аз Тоҷикистон нерӯи барқ гирифтанист

Қирғизистон бори навбатӣ бо Тоҷикистон масъалаи имкони интиқоли барқ дар мавсими тобистон ба ин кишвар ва мубодилаи нерӯи барқ миёни давлатҳоро баррасӣ карданист. Шуъбаи таъминоти итттилоотии дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон дар ин робита хабар медиҳад , ки рӯзи 6 июл муовини нахуствазири ин кишвар Олег Панкратов зимни машварат оид ба масоили омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони […]



Қирғизистон бори навбатӣ бо Тоҷикистон масъалаи имкони интиқоли барқ дар мавсими тобистон ба ин кишвар ва мубодилаи нерӯи барқ миёни давлатҳоро баррасӣ карданист.

Шуъбаи таъминоти итттилоотии дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон дар ин робита

хабар медиҳад

, ки рӯзи 6 июл муовини нахуствазири ин кишвар Олег Панкратов зимни машварат оид ба масоили омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ба Холднигги миллии энергетикии кишвар дастур додааст, ки дар ҳамдастӣ бо ҶСК «НЭC Кыргызстана» ва ҶСК «Электрические станции» ба баррасии масъалаи имкони воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон дар мавсими тобистон оғоз бахшанд.

Ӯ қайд кардааст, ки бо мақсади то сатҳи ниҳоӣ расонидани ҳаҷми сатҳи оби обанбори Тохтогул ба аввали мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, имкони мубодилаи нерӯи барқ миёни кишварҳо баррасӣ шавад, ки дар он дар мавсими тобистон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол додани нерӯи барқ бо баргардонидани он дар давраҳои дигар пешбинӣ мешавад.

Муовини нахуствазири Қирғизистон таъкид доштааст, ки ин иқдом ба коҳиши партоби об аз обанбори Тохтогул имкон дода, дар Тоҷикистон ба кам кардани партобҳои холӣ аз силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш ва афзоиши истеҳоли нерӯи барқи нафъовар аз ин нерӯгоҳҳо мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳои моҳи марти соли ҷорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба ин кишвар бенатиҷа анҷом ёфта, ҷонибҳо сари нархи он тавофуқ ҳосил карда натавонистанд.

Нимаи моҳи март роҳбари Холдинги миллии энергетикии ин кишвар Ойбек Калиев

изҳор дошта буд

, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон пешниҳод намуд, ки нерӯи барқашро ба нархи 3,2 сент барои 1 кВт/соат харидорӣ кунад, лекин Қирғизистон нерӯи барқи Тоҷикистонро чун мавсими тобистони соли пешин бо нархи 2,5 сент барои 1 кВт/соат хариданӣ аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистон Қирғизистон оид ба содироти барқ аз Тоҷикистон қариб се моҳ аз моҳи апрел то июн тӯл кашиданд. Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморида, ба нархи ҳамагӣ 2 сент (барои 1 кВт/соат) чун дар соли гузашта исрор варзида буданд.

Ин пешниҳоди Қирғизистонро ҷониби Тоҷикистон напазируфта буд, зеро чунин нарх ҳатто хароҷоти ширкатро рӯйпӯш карда наметавонист, аммо аввали моҳи июни соли 2015 ҷонибҳо ба содироии нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя бо нархи 2,5 сент барои 1 кВт/соат тавофуқ ҳосил карда буданд.

Давоми моҳҳои июн-сентябри соли 2015 аз Тоҷикистон ба Қирғизистон 

дар ҳаҷми 146,6 млн. кВт/соат

 нерӯи барқ интиқол дода шуда, ҳамин тариқ Қирғизистон барои воридоти ин миқдор нерӯи барқ ба Тоҷикистон ҳудуди 3,6 млн. доллари ИМА маблағ пардохт кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.