Дар Душанбе имконоти беҳбуди вазъи бехатарии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ мешавад

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 8 июл доир ба баррасии гузориши «Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ ва Нақшаи идоракунии муҳити зист», ки барои лоиҳаи барқарорсозӣ ва беҳбуди ҳолати бехатарии сарбанди нерӯгоҳи Роғун омода шудааст, вохӯрии машваратӣ доир мегардад, ки аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик дар ҳамдастӣ бо ТҶ «Кӯҳистон» созмон дода мешавад. Аз ТҶ «Кӯҳистон» ба […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе рӯзи 8 июл доир ба баррасии гузориши «Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ ва Нақшаи идоракунии муҳити зист», ки барои лоиҳаи барқарорсозӣ ва беҳбуди ҳолати бехатарии сарбанди нерӯгоҳи Роғун омода шудааст, вохӯрии машваратӣ доир мегардад, ки аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик дар ҳамдастӣ бо ТҶ «Кӯҳистон» созмон дода мешавад.

Аз ТҶ «Кӯҳистон» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ бо ҷалби намояндагони ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини тамоми шароитҳои зарурии воқеъӣ будани ҳуҷҷати мазкур, ҳамчунин мутобиқати он ба меъёрҳои байнулмилалии техникӣ ва инъикоси маълумоти бадастомада дар ҷараёни машварат гузаронида мешавад.

«Ҳисоботи пешакӣ аз ҷониби Tractebel Engineering (ширкати Бельгия, ки ба гурӯҳи «GDF Suez» шомил аст) омода шуда, аммо шакли ниҳоии ҳисоботҳо танҳо баъди дастрас шудан ва омӯзиши дақиқи шарҳу тавзеҳҳои шахсони манфиатдори намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ омода мешаванд», – гуфта мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки Ширкати Salini Impregilo-и Италия

ният дорад

, ки аллакай соли 2018 ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор диҳад.

«Турбинаи аввал бояд моҳи августи соли 2018 ба истифода дода шуда, сипас моҳи октябри ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани турбинаи дуюм ҳам дар назар аст», – қайд мешавад дар 

маводи

 рӯзи 6 июл чопшудаи маҷаллаи ширкати Salini Impregilo.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.