Ваъдаи соли 2018 ба кор даровардани 2 агрегати нерӯгоҳи Роғун

Ширкати Salini Impregilo-и Италия ният дорад, ки аллакай соли 2018 ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор диҳад. «Турбинаи аввал бояд моҳи августи соли 2018 ба истифода дода шуда, сипас моҳи октябри ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани турбинаи дуюм ҳам дар назар аст», – қайд мешавад дар маводи рӯзи 6 июл чопшудаи […]

ASIA-Plus



Ширкати Salini Impregilo-и Италия ният дорад, ки аллакай соли 2018 ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор диҳад.

«Турбинаи аввал бояд моҳи августи соли 2018 ба истифода дода шуда, сипас моҳи октябри ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани турбинаи дуюм ҳам дар назар аст», – қайд мешавад дар

маводи

рӯзи 6 июл чопшудаи маҷаллаи ширкати Salini Impregilo.

Дар

маълумоти

сомонаи расмии ширкат қайд мешавад, ки рӯзи 1 июл дар Душанбе оид ба сохтмони НБО Роғун ба маблағи 3,9 млрд. доллари ИМАсозишномаи қолабӣ ба имзо расид.

Ширкати мазкур дар тендери байнулмилалии «Дар бораи лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО Роғун» аз рӯи 4 лот

ғолиб дониста шуд.

Мутобиқи лоти 2, ширкат ба корҳои лоиҳакашӣ ва бунёди сарбанди нерӯгоҳи Роғун машғул шуда, ҳаҷми маблағи ин лот 1 млрд. 950 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар маълумоти ширкат зикр мегардад, ки баландии сарбанди сангиву хокӣ бо асоси лой дар дарёи Вахш 335 метрро ташкил хоҳад дод, ки баландтарин дар саросари дунё аст.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки пас аз анҷоми сохтмон, НБО Роғун дорои 6 турбинаи тавоноии ҳар кадоме 600 МВт шуда, ҳамин тариқ, иқтидори умумии нерӯгоҳ 3600 МВт-ро ташкил медиҳад, ки ба иқтидори 3 нерӯгоҳи барқии атомӣ баробар мебошад.

«Нерӯгоҳи Роғун ба афзоиши истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон имкон дода, ба коҳиши камбуди нерӯи барқ дар мавсисми зимистон, ки ҳазорон оилаҳо ба равшаниу гармӣ ниёз доранд, мусоидат менамояд. Амалишавии доиҳа ҳамзамон барои баланд бардоштани самаранокии кор дар бахши кишоварзӣ аз ҳисоби обёрии заминҳо ба туфайли истифодаи пурсамари об низ шароит фароҳам меоварад», – зикр мегардад дар маълумоти ширкат.

Ёдрас мекунем, ки сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун бинобар назари мухолифи ҳукуматдорони Ӯзбекистон муддати солҳои зиёд ба таъхир афтода буд. Дар Ӯзбекистон доир ба эҳтимоли рахна шудани сарбанд ҳангоми заминларза ҳарф мезананд. Аммо ташвишҳои кишвари ҳамсояро дар Тоҷикистон бепоя хонда, изҳор медоранд, ки дар кишвар дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо ҳамин навъи сарбанд фаъолият доранд, ки устувории худ нисбати заминларзаро тӯли даҳсолаҳо собит сохтанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ корҳои ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун оғоз гардида, соли 2014 ба итмом расиданд.

Дар «Арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи НБО Роғун», ки аз ҷониби ширкатҳои «Coyne & Bellier», «Электроконсалт» ва «Energy+Water Economics» таҳия шуд, зикр мегардад, ки «майдони интихобшудаи сохтмон барои нерӯгоҳи Роғун ҳарчанд аз нигоҳи сейсмикӣ мушкил бошад ҳам, барои бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ муносиб аст».

Коршиносони байнулмилалӣ қайд карданд, ки интихоби беҳтарин аз лиҳози фоиданокии иқтисодӣ бунёди сарбанди баландиаш 330 метр мебошад, ки ба нерӯгоҳи Роғун барои истеҳсоли то 3600 мегаватт/соат нерӯи барқ имкон медиҳад. «Дар ин сурат нерӯгоҳ 115 сол барои Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард», – қайд карданд коршиносон.

Ҳамчунин мебояд гуфт, санаи 1 июли соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салиниро

ба ҳузур пазируфта буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.