Бонки Эсхата – бонки эмитенти фаъолтарин дар Тоҷикистон

Соли чорум аст, ки Бонки Эсхата соҳиби мукофоти «Фаъолтарин бонки эмитент дар Тоҷикистон» гардид.  Мукофоти навбатӣ барои иштироки фаъолонаи бонкҳои шарик аз руи лоиҳаи TFP (Тиҷорати молиявӣ) барои соли 2015 пешниҳод гардидааст. Маросими мукофотони санаи 11-12 маи соли ҷорӣ дар Лондон дар форуми тиҷоратӣ ва конфронси солонаи Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид (БАРТ) таҳти унвони “Лоиҳаи […]

Иттилоияи расмӣ



Соли чорум аст, ки Бонки Эсхата соҳиби мукофоти «Фаъолтарин бонки эмитент дар Тоҷикистон» гардид. 

Мукофоти навбатӣ барои иштироки фаъолонаи бонкҳои шарик аз руи лоиҳаи TFP (Тиҷорати молиявӣ) барои соли 2015 пешниҳод гардидааст.

Маросими мукофотони санаи 11-12 маи соли ҷорӣ дар Лондон дар форуми тиҷоратӣ ва конфронси солонаи Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид (БАРТ) таҳти унвони “Лоиҳаи тиҷорати молиявӣ” ҷараён гирифт.

Конфронс характери махсус дошта, дар арафаи ҷашни 25- солагии Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид баргузор гардид.

Дар конфронс намояндагони 200 ташкилотҳои байналхалқӣ, аз он ҷумла мутахассисони пешбари лоиҳаи “Тиҷорати молиявӣ”, намояндагони Палатаи Байналхалқии Тиҷорати, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тиҷоратӣ ва дигар мутахассисон ширкат варзиданд. Маҳз дар доираи конфронси мазкур Бонки Эсхата соҳиби мукофоту  унвон гардид.

Бонки Эсхата яке аз бонкҳои боэътимодтарини кишвар ба шумор рафта, дар панҷгонаи бонкҳои пешсаф аз рӯи фаъолият мақоми арзандаро касб кардааст.

Тӯли 6 соли ахир Бонки Эсхата бо агентиҳои рейтингии байнулмилалӣ ҳамкорӣ дорад, ки рейтинги мустақилона доир намуда, ба нишондиҳандаҳои молиявии бонк баҳогузорӣ мекунанд. Ҳамин тариқ, давоми ин солҳо фаъолияти Бонки Эсхата аз ҷониби агентиҳои зерини рейтингӣ баҳогузорӣ шудааст:

А- (Микро-Кредитс Рейтинг Интернешнл, Ҳиндустон)

A- (Планет Рейтинг, Фаронса)

A- (Микрофинанса Рейтинг, Италия)

B3- (Мудис Инвесторс Сервис) (2011)

В3-(Мудис Инвесторс Сервис) (2012)

В3 (Мудис Инвесторс Сервис) (2013

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.