Ҳукумат конҳои тиллоро барои заршӯён боз мекунад

Сохторҳои дахлдори ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро баррасӣ доранд, ки мутобиқи он ҷараёни истихроҷи тиллои пошида ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби тиллоҷӯёну заршӯён ва аҳолии маҳаллӣ қонунӣ мешавад. Сардори Саридораи геология назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи қонун аз ҷониби Вазорати молия таҳия гардида, айни замон […]

Заррина Эргашева



Сохторҳои дахлдори ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро баррасӣ доранд, ки мутобиқи он ҷараёни истихроҷи тиллои пошида ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби тиллоҷӯёну заршӯён ва аҳолии маҳаллӣ қонунӣ мешавад.

Сардори Саридораи геология назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи қонун аз ҷониби Вазорати молия таҳия гардида, айни замон он бо тамоми вазорау идораҳои марбута мувофиқа мешавад ва онҳо метавонанд илова ва тавсияҳои худро ҷиҳати баррасӣ пешниҳод намоянд.

«Ин ҷо сари фароҳам овардани шароит барои тиллоҷӯён сухан меравад, ки бе ин ҳам солҳои тӯлонӣ ба заршӯӣ дар соҳили дарёҳо машғуланд. Шояд лоиҳаи ин қонун то охири соли 2016 тасдиқ шавад. Масалан, дар он ташкили нуқтаҳои қабули сангҳои қиматбаҳо ва тилло пешниҳод шудааст», – иброз дошт номбурда.

Ҳамчунин шарҳ дода шуд, ки қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он ширкат дар доираи иҷозатнома қарор надоранд, барои тиллоҷӯён минтақаҳои озод эълон мешаванд ва тамоми хоҳишмандон метавонанд дар онҳо ба истихроҷи металлҳои қиматбаҳо машғул шаванд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз боигариҳои зеризаминӣ хеле ғанӣ буда, дар қаламрави кишвар беш аз 600 кон ва 800 макони захираҳои канданиҳои фоиданок ошкор, кашф ва қисман барои азхудкунии саноатӣ омода шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.