Кортҳои бонкии нафақагирони пойтахт то 15 июл иваз мешаванд

Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар бораи ивази кортҳои бонкии нафақахӯрон дар шаҳри Душанбе эълон интишор намуд. Бино ба иттилои БДА «Амонатбонк», кортҳои бонкии нафақагирон бо сабаби ба итмом расидани муҳлати истифодабариашон то санаи 15 июли соли ҷорӣ иваз карда мешаванд. Гуфта мешавад, барои иваз кардани кортҳои бонкӣ ба марказҳои хизматрасонии бонкии Амонатбонк, ки дар […]

ASIA-Plus



Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар бораи ивази кортҳои бонкии нафақахӯрон дар шаҳри Душанбе эълон интишор намуд.

Бино ба иттилои БДА «Амонатбонк», кортҳои бонкии нафақагирон бо сабаби ба итмом расидани муҳлати истифодабариашон то санаи 15 июли соли ҷорӣ иваз карда мешаванд.

Гуфта мешавад, барои иваз кардани кортҳои бонкӣ ба марказҳои хизматрасонии бонкии Амонатбонк, ки дар макони зист амал мекунанд, муроҷиат кардан зарур аст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дастрас кардани корти нав бо пешниҳоди хуҷҷати тасдиккунандаи шахс супорида  мешавад.

Тибқи маълумоти БДА «Амонатбонк», айни замон шумори нафақахӯрон дар шаҳри Душанбе беш аз 51,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ тибқи маълумоти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ, шумори нафақахӯрон дар кишвар дар семоҳаи аввали соли равон зиёда аз 626 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 13 ҳазор нафар ё худ 2,6% зиёдтар аст. Афзоиши бештар шумори нафақахӯрон дар ВМКБ – 3,6%, шаҳри Душанбе – 2,6% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 3,1% ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.