Омодагӣ ба Ҳамоиши сатҳи баланд оид ба об ва санитария

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафҳои Шашум дар рушди устувор (ҲРУ) ва вазифаҳои ҳадафии «Ноил шудан ба дастрасии умумии об ва санитария»  баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , ин ҳамоиш 11 августи соли […]

АМИТ «Ховар»



Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафҳои Шашум дар рушди устувор (ҲРУ) ва вазифаҳои ҳадафии «Ноил шудан ба дастрасии умумии об ва санитария»  баргузор гардид.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, ин ҳамоиш 11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ (UN-DESA) баргузор мешавад.

Дар давоми ин рӯзҳо ҳамоиш дар «Кохи Сомон»-  қароргоҳи ҳукуматӣ  намояндагони ҳукуматҳо ва тасмимгирандагон дар соҳаи идоракунии захираҳои об, коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, намояндагони илмӣ, доираҳои илмӣ ва соҳибкорӣ, инчунин ҷомеаи шаҳрвандиро ҷамъ меоварад.

ар ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба ҷараёни омодагӣ ба ҳамоиши дарпешистода Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, сардори идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимурод Maҳмадализода гузориш доданд. Таъкид гардид, ки ба 193 кишвар ва 190 ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиносони инфиродӣ даъватномаҳо фиристода шуданд. То  дирўз зиёда аз 110 нафар мансабдорони шинохта, мутахассисон ва коршиносони соҳа аз 54 кишвари ҷаҳон  иштироки худро дар ҳамоиш тасдиқ карданд.

Ҳамоиш майдончае барои муҳокимаи роҳҳои амалӣ гардонидани ҲРУ 6 ва вазифаҳои ҳадафӣ, аз ҷумла дар доираи Даҳсолаи байналмилалии навбатӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор» хоҳад шуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон роҳандозӣ гардид,.

Ёдрас мешавад, ки Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли гузашта дар Форуми VII ҷаҳонии об дар шаҳри Тэгуи Куриёи Ҷанубӣ ширкат варзид ва пешниҳод намуд, ки даҳсолаи оянда  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор» эълон шавад. Ӯ зикр намуд, ки аллакай дар соли 2030 50% аҳолии сайёра бо мушкилоти норасоии об, ки он то соли 2050 метавонад боз ҳам бештар шиддат ёбад, рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, даҳсолаи охир, ки таҳти шиори «Об барои ҳаёт» сипарӣ шуд, таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, басомади офатҳои табиӣ, барои ба даст овардани ҳамаи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар пешистода иҷозат намедиҳанд. Дар робита ба ин, Роҳбари давлати мо изҳори боварӣ намуд, ки идомаи ин иқдом ба расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мусоидат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.