Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати 14 имомхатиби Тоҷикистон

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон нисбати 14 нафар имомхатибон парвандаи ҷиноӣ боз намуданд. Ҳусейн Шокиров, сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки аз 14 нафар боздотшудагон танҳо ду нафарашон имомхатибони амалкунанда мебошанд. «Боқимонда кайҳо аз мансаб сабукдӯш […]

Меҳрангез Турсунзода



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон нисбати 14 нафар имомхатибон парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.

Ҳусейн Шокиров, сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки аз 14 нафар боздотшудагон танҳо ду нафарашон имомхатибони амалкунанда мебошанд.

«Боқимонда кайҳо аз мансаб сабукдӯш ё чанде қабл аз санҷиши тахассусӣ (аттестатсия) нагузаштаанд. Ман фаҳмида наметавонам, ки чаро ҳама гуноҳро ба гардани ходимони дини амалкунанда бор мекунанд», – иброз дошт ӯ, вале аз ифшои ҷузъиёти айбномаҳои пешниҳодшуда ба имомхатибони боздоштшуда худдорӣ варзид.

Ҳафтаи гузашта Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз

ихтиёран ба мақомоти милиса таслим шудани

Орифҷон Эргашев, имомхатиби пешини масҷиди ҷомеи “Тақво” ва ноиби сархатиби масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шимоли Тоҷикистон хабар дода буд.

Моҳи июн ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи фаъолияташ мамнӯъи «Ихвонулмуслимин» (Бародарони мусалмон)

7 нафар имомхатибони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

ҳар кадоме ба 3-3,3 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз дар ин робита таъкид дошт, ки мутобиқи қонунгузорӣ, ба иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динии кишварҳои хориҷӣ манъ карда нашудааст, вале барои ин онҳо бояд сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи мазкурро низ огоҳ намоянд.



Дар акс  Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.