Намоишгоҳи универсалии яке аз ноҳияҳои Чин дар Душанбе



Зимни вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо сардори департаменти тиҷорати Ҳукумати мардумии Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин Хи Имин дар доираи сафари кории раиси ПСС ҶТ ба шаҳри Урумчӣ тавофуқ ҳосил шуд, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи универсалии ин музофоти Чин баргузор мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи тиҷоратӣ ва сармоягузориро баррасӣ карда, қайд шудааст, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва ин ноҳияи Чин ба рушди робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо низ мусоидат намуданд.

«Имрӯз барои рушди минбаъдаи муносибатҳои мо такони нав зарур буда, барои ин тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст», – гуфт Шариф Саид.

Гуфта мешавад, раиси Палатаи савдои ҷумҳурӣ доираҳои тиҷоратии Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғурро ба иштирок дар кори Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «Тоҷикистон-2016» ва ҳамоиши тиҷоратии доираҳои корӣ, ки рӯзҳои 22-24 июл дар Душанбе доир мегарданд, даъват кардааст.

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи ахири универсалии Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе доир гардида буд.

spot_imgspot_img

Популярное