Намоишгоҳи универсалии яке аз ноҳияҳои Чин дар Душанбе

Зимни вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо сардори департаменти тиҷорати Ҳукумати мардумии Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин Хи Имин дар доираи сафари кории раиси ПСС ҶТ ба шаҳри Урумчӣ тавофуқ ҳосил шуд, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи универсалии ин музофоти Чин баргузор мешавад. Бино ба иттилои […]



Зимни вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо сардори департаменти тиҷорати Ҳукумати мардумии Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин Хи Имин дар доираи сафари кории раиси ПСС ҶТ ба шаҳри Урумчӣ тавофуқ ҳосил шуд, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи универсалии ин музофоти Чин баргузор мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи тиҷоратӣ ва сармоягузориро баррасӣ карда, қайд шудааст, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва ин ноҳияи Чин ба рушди робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо низ мусоидат намуданд.

«Имрӯз барои рушди минбаъдаи муносибатҳои мо такони нав зарур буда, барои ин тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст», – гуфт Шариф Саид.

Гуфта мешавад, раиси Палатаи савдои ҷумҳурӣ доираҳои тиҷоратии Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғурро ба иштирок дар кори Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «Тоҷикистон-2016» ва ҳамоиши тиҷоратии доираҳои корӣ, ки рӯзҳои 22-24 июл дар Душанбе доир мегарданд, даъват кардааст.

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи ахири универсалии Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе доир гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.