Тавофуқи кишварҳои ОМ ва ҚҶ дар муқовимат ба офатҳои табиӣ

Дар ҷаласаи нахусти Платформаи минтақавии Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Қафқози Ҷанубӣ (ҚҶ) оид ба коҳиши хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ дар Душанбе Эъломияи муштарак дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар мавриди пешгирии офатҳои табиӣ қабул шуд. Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Муҳаммадҷон Салимзода бо натиҷагирӣ аз ҷаласа ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи нахусти Платформаи минтақавии Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Қафқози Ҷанубӣ (ҚҶ) оид ба коҳиши хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ дар Душанбе Эъломияи муштарак дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар мавриди пешгирии офатҳои табиӣ қабул шуд.

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Муҳаммадҷон Салимзода бо натиҷагирӣ аз ҷаласа ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар санади қабулшуда аз ҷумла зикр мегардад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ нисбат ба хатарҳои офатҳои табиӣ хеле осебпазиранд.

«Дар қаламрави ҳарду минтақа, ки дорои кӯҳсорони зиёданд, чунин ҳодисаҳо нисбатан зиёдтар рух медиҳанд ва дар ин робита, ин ҷо ҳама гуна навъҳои офатҳои табиӣ дучор мешаванд, ки ба иқтисоди кишварҳо зиён оварда, имконоти рушди онҳоро коҳиш медиҳанд, – иброз дошт Салимзода. – Аз ин рӯ, роҳандозии ҳамкории глобалӣ ва минтақавӣ дар ин самт хеле муҳим аст».

Ба қавли Салимзода, иштирокдорони ҷаласа қайд кардаанд, ки ҷиҳати минбаъд таҳким бахшидан ба ҳамкориҳо дар бахши пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ дода мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа ба масъалаҳои вокуниш (аксуламал) ва пешгирии фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар доираи Барномаи Сендай таваҷчуҳи хосса зоҳир шуд.

Барномаи қолабии Сендай 18 марти соли 2015 дар Ҷопон қабул шуда, як таркиб ва  ҷойгири Барномаи қолабии амали Хиог барои солҳои 2005-2015 – бунёди имконоти муқовимат ба офатҳо дар сатҳи давлат ва ҷамоатҳо мебошад.

Дар кори ҷаласаи Душанбе роҳбарони вазорату идораҳои ваколатдор ба соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, ҳамчунин вазоратҳои маориф, меҳнат ва рушди иҷтимоӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои сарпараст ва агентиҳои СММ ва мушвири Дабири кулли СММ оид ба масоили ҳолатҳои фавқулода ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд