Мулоқоти раиси пойтахт бо губернатори Нижегород

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  рӯзи 19 июли соли 2016 губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Россия Валерий Шансевро бо ҳайати ҳамроҳонаш ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шахрдории пойтахт, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҷаноби Валерий Шансевро дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварамон бо Федератсияи Россия ва минтақаҳои он, ки дар партави сиёсати созандаи Сарвари давлатамон баҳри густариши пайвастаи робитаҳои ҳасанаву гуногунҷабҳа тақвияти тоза касб менамоянд, фоли нек арзёбӣ намуд.

Идома бар он, зикр сохт, ки ин боздид ва барномаи сафари корӣ воқеан ҷиҳати таҳкими робитаҳо ва роҳандозии барномаҳои муштараки хамкориҳо миёни шаҳри Душанбе ва ин субъекти Федератсияи Россия, ки дорои иқтидорҳои бесобиқаи саноатию истеҳсолӣ ва илмию пажӯҳишӣ мебошад, бобати рушди инфрасохторӣ, таҷдиди заминаҳои моддию техникии нақлиётӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимми хоҷагидории шаҳр тавассути ташкили корхонаҳои саноатию истеҳсолии муштарак, ки самараи онҳо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба мутахассисони ватанӣ мегардад, саҳми босазо хоҳад гузошт.

 Бо тақвият аз мантиқи ҳамкориҳои ҷойдоштаи шаҳрдорӣ  бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Группа ГАЗ”, ки нақлиёти гуногунтаъиноти истеҳсоли он дар системаи нақлиёти ҷамъятию коммуналии шаҳр хизматрасонии муваффақона доранд, зимни мулоқот таъкид гашт, ки ҷамъияти мазкур имкон дорад дар тендерҳои эълонменамудаи шаҳрдорӣ ширкат варзад.

Валерий Шансев дар навбати худ аз пазироӣ ва муҳтавои мулоқоти самимӣ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори сипос намуда, барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо муаррифии лоиҳаҳои мутақобилан судманд, нисбати татбиқи онҳо изҳори омодагӣ кард. Аз ҷумла, афзуд, ки зери сарпарастии Губернатори вилоят ташкилдиҳии корхонаҳои муштарак  дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда мешаванд.

Бо ин мақсад ва озмӯзиши амиқи барномаҳои ҳамкорӣ зимни мулоқот ба тафоҳум расиданд, ки Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вилояти Нижегороди Федератсияи Россия дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ  ба имзо расад, ки дар иртибот ба ин аз ҳар ду ҷониб гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

Идома бар он, дар ҷараёни мулоқот инчунин ҷонибҳо масоили ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсиси квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии вилояти Нижегрод, таъминоти мактабҳои русии таҳсилоти миёнаи пойтахт бо омӯзгорон, китобҳои дарсӣ  ва лавозимоти хонишро баррасӣ намуда оид ба ҳалли мусбии онҳо ба мувофиқа расиданд.

Дар фарҷом Валерий Шансев аз Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват ба миён овард, ки баҳри таҳкиму рушди ҳамкориҳо дар вақти барояшон муносиб ба вилояти Нижегрод бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...