Сабти дубораи ҳамаи симкортҳои фурӯхташуда

Пайрав Чоршанбиев



Ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистонро барои пешгирии хавфу хатарҳои терроризм ба сабти дубораи ҳамаи симкортҳои қаблан фурӯхташуда уҳдадор мекунанд.

Сардори Раёсати танзими алоқаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Ҷонибек Дадоматов дар ин робита зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар ин бора

қарори дахлдори ҳукумат

қабул шуда, ахири моҳи гузашта он дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расид.

Ба гуфтаи ӯ дар ин қарор сари тартибу танзими фурӯши симкортҳо, танҳо бо пешниҳоди шиноснома фурӯхтани онҳо ва ҳамчунин дубора бақайдгирии симкортҳои қаблан фурӯхташуда сухан меравад.

«Дар ин самт мо корҳоро аллакай оғоз кардем. Муддати як сол ҳама симкортҳо бояд дубора ба қайд гирифта шаванд», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, айни замон шумори муштариёни сабтшудаи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон 10 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки 4,9 млн. нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар қаламрави кишвар ҳудуди 570 адад симкортҳои ғайриқонунӣ фурӯхташуда дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...