Сабти дубораи ҳамаи симкортҳои фурӯхташуда

Ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистонро барои пешгирии хавфу хатарҳои терроризм ба сабти дубораи ҳамаи симкортҳои қаблан фурӯхташуда уҳдадор мекунанд. Сардори Раёсати танзими алоқаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Ҷонибек Дадоматов дар ин робита зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар ин бора қарори дахлдори ҳукумат қабул шуда, ахири моҳи гузашта он дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистонро барои пешгирии хавфу хатарҳои терроризм ба сабти дубораи ҳамаи симкортҳои қаблан фурӯхташуда уҳдадор мекунанд.

Сардори Раёсати танзими алоқаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Ҷонибек Дадоматов дар ин робита зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар ин бора

қарори дахлдори ҳукумат

қабул шуда, ахири моҳи гузашта он дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расид.

Ба гуфтаи ӯ дар ин қарор сари тартибу танзими фурӯши симкортҳо, танҳо бо пешниҳоди шиноснома фурӯхтани онҳо ва ҳамчунин дубора бақайдгирии симкортҳои қаблан фурӯхташуда сухан меравад.

«Дар ин самт мо корҳоро аллакай оғоз кардем. Муддати як сол ҳама симкортҳо бояд дубора ба қайд гирифта шаванд», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, айни замон шумори муштариёни сабтшудаи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон 10 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки 4,9 млн. нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар қаламрави кишвар ҳудуди 570 адад симкортҳои ғайриқонунӣ фурӯхташуда дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.