Ю.Раҳмон: Гуноҳи ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим ва раҳбарияти ҲНИТ пурра исбот шуд

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки дар ошӯби собиқ вазири мудофиаи кишвар Абдӯҳалим Назарзода, маъруфтар чун Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамаи аломатҳои табаддулоти давлатӣ ҷой доштанд. Ба гуфтаи ӯ, гуноҳи ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим ва раҳбарияти Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар кӯшиши даст задан ба табаддулоти давлатӣ […]

Аваз Юлдошев



Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки дар ошӯби собиқ вазири мудофиаи кишвар Абдӯҳалим Назарзода, маъруфтар чун Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамаи аломатҳои табаддулоти давлатӣ ҷой доштанд.

Ба гуфтаи ӯ, гуноҳи ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим ва раҳбарияти Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар кӯшиши даст задан ба табаддулоти давлатӣ пурра исбот шудааст.

Бино ба маълумоти прокурори генералӣ, аз рӯи далели даст задан ба исёни мусаллаҳона нисбати ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони кишвар парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, нисбати 170 нафарашон аллакай ҳукми айбдорӣ содир шудааст.

«Ғайр аз ин, аз рӯи далели даст доштан ба ошӯб 25 нафар аъзои ХНИТ низ маҳкум шуда, дар мурофиаҳои судӣ гуноҳи айбдоршавандагон пурра исботи худро ёфт», – таъкид дошт прокурори генералӣ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ яке аз созмондиҳандагони исёни мусаллаҳона буда, мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон шудааст ва зуд ё дер назди суди Тоҷикистон ҷавоб хоҳад гуфт.

Зимнан зикр гардид, ки дар мақомоти прокуратураи Тоҷикистон нисбати собиқ фармондеҳи фирории Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Гулмурод Ҳалимов ва ҳамзисти ӯ (ҳамсари дуюм) Ҳумайро Мирова низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио