Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ
машварат доир гардид
, ки дар он масъалаи омодагии пойтахт ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Раиси пойтахт дастур дод, ки дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғати шаҳр чорабинии асосии тантанавӣ ва консерти устодони санъат, ки рӯзи 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, тариқи мониторҳо мустақиман намоиш дода шавад.
М.Убайдуллоев қайд кард, ки бо ибтикори шаҳрдорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо то охири сол ба маблағи беш аз 2,3 млрд. сомонӣ иншооти гуногун ба истифода дода хоҳанд шу д ва дар ҳамин ҳол, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба тақвияти назорат аз боли сифати корҳои сохтмон дар ин иншоот ҷалб кард.





