Дар шаҳри Хоруғ маросими ба мукофоту ҷоизаҳои сарфароз гардонидани ғолибон ва иштирокчиёни «Бозиҳои варзишии ҷашнии Дубай-2016» доир гардид. Ин бозиҳо рӯзҳои 21-29 июл дар Амороти Муттаҳиджаи Араб ба ифтихори 50-солагии ба сари салтанат омадани пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон Оғо Хони IV баргузор шуда буданд.
Дар ин бозиҳо бо шумули 192 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 2 ҳазор нафар намояндагони 28 кишвари саросари дунё иштирок карданд.
Аз рӯи шумори медалҳои бадастоварда зимни иштирок дар 9 навъи варзиш (умуман 15 навъи варзиш) миёни 18 даста Тоҷикистон зинаи сеюмро касб кард. Зинаи аввал ва дуюмро намояндагони Канада ва Покистон ишғол карданд.
Раҳбарияти ВМКБ ва шаҳри Хоруғ иштирокчиён ва ғолибони мусобиқаро табрику таҳният гуфта, онҳоро ба ифтихорнома ва мукофот пулиҳо қадрдонӣ карданд.






