Сеюмин футболбози тоҷик дар чемпионати Булғористон

Капитани дастаи «Истиқлол» ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Нуриддин Давронов ҳунарнамоии худро метавонад дар чемпионати Булғористон дар ҳайати тими «Дунав» идома бидиҳад. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», нимҳимоятгар Нуриддин Давронов чанд рӯз қабл бо даъвати раҳбарияти даста ба Булғористон раҳсипор гардида, дар тамрини аввалаш иштирок кардааст. Қобили зикр аст, ки дар сурати ба ҳайати […]

Asia--Plus



Капитани дастаи «Истиқлол» ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Нуриддин Давронов ҳунарнамоии худро метавонад дар чемпионати Булғористон дар ҳайати тими «Дунав» идома бидиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», нимҳимоятгар Нуриддин Давронов чанд рӯз қабл бо даъвати раҳбарияти даста ба Булғористон раҳсипор гардида, дар тамрини аввалаш иштирок кардааст.

Қобили зикр аст, ки дар сурати ба ҳайати дастаи «Дунав» гузаштани Нуриддин Давронов, ӯ сеюмин футболбози тоҷик хоҳад буд, ки дар чемпионати Булғористон ҳунарнамоӣ мекунад. Қаблан нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев ба дастаи «Локомотив»-и Пловдив ва Искандар Ҷалилов низ ба тими «Дунав» гузашта буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.