Шиносоии сарвазир бо рафти сохтмони навбати дуюми МБГ Душанбе-2

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳолати корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар  Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва инфрасохтори зарурии он шинос шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , зимни шиносоӣ  Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш нахуст аз маҳалли бунёди нуқтаи бузурги тақсимоти гармӣ дидан кард. Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмони маркази […]

АМИТ «Ховар»



Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳолати корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар  Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва инфрасохтори зарурии он шинос шуд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, зимни шиносоӣ  Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш нахуст аз маҳалли бунёди нуқтаи бузурги тақсимоти гармӣ дидан кард. Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмони маркази тақсимоти гармии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 аллакай шуруъ гардида, аз ин баъд ба таври шабонарўзӣ идома меёбад. Таҷҳизоти зарурӣ барои бунёди маркази тақсимоти гармӣ дархост шуда, қарор аст, то даҳаи дуввуми моҳи август ба ҷумҳурӣ ворид карда шавад. Сипас, Сарвазири мамлакат аз мавзеи сохтмони анбори нигоҳдории ангишт барои фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки аз ҷониби Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Нуроб» бунёд мешавад, боздид ба амал оварда, бо рафти корҳои сохтмонии он аз наздик шинос шуд. Мувофиқи иттилои мавҷуда корҳои сохтмони анбор барои нигоҳдории беш аз 120 ҳазор тонна ангишт дар ин ҷо ба андозаи 55 фисад анҷом дода шудааст.

Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази  барқу  гармидиҳии Душанбе-2 низ дар айни замон бо суръати баланд идома дошта, дастандаркорони он ният доранд, ки мувофиқи нақша ва дар муҳлатҳои таъиншуда ин иншооти ҳаётан муҳимро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Хотиррасон бояд кард, ки лоиҳаи сохтмони  марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 мГВ дар асоси Созишномаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад.

Дар анҷоми шиносоӣ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ситоди сайёри корӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулони ташкилоту иттиҳодияҳои сохтмонӣ барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои нақшавии сохтмонӣ, насбу васли таҷҳизоти дастрасшуда, фароҳамсозии шароити мувофиқ барои захираи ангиштсанг, таҳкими корҳои бунёди хаттҳои интиқоли гармӣ ва нуқтаҳои гармидиҳанда ва вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолии пойтахт вобаста ба  омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ  барои  пайваст намудани  биною  иншооти маъмурию  истиқоматӣ  ба  шабакаҳои мутамаркази  гармидиҳии шаҳри Душанбе  вазифадор карда шуданд.

Тибқи нақша, то оғози давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар пойтахти мамлакат 1285 иншооти таъиноти гуногун ва манзилҳои истиқоматӣ ба хаттҳои интиқоли гармӣ пайваст карда мешаванд. Корҳои вобаста ба таъминоти пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе  бо гармӣ айни замон дар иншооти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1  ва Душанбе-2, инчунин дегхонаҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ бо маром идома дорад. Қарор аст, ки тамоми иқтидорҳои вобаста ба таъминоти гармӣ  дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» то якуми октябри соли равон барои фаъолияти муназзам омода карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов