Умедвории ВКХ Русия аз Тоҷикистон бобати масъалаи табдили номи кӯчаҳо

– Вазорати корҳои хориҷии Русия умедвор аст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон дар масъалаи зарурат надоштани табдили номи кӯчаҳо дар шаҳри Душанбе, ки ба қаҳрамонони замони шӯравӣ, ходимони илму фарҳанг ва санъат рабт доранд, назари собиқадоронро ба инобат мегиранд, – изҳор доштааст дар брифинг намояндаи расмии вазорат Мария Захарова. Бино ба  иттилои хабаргузории ТАСС, дипломат гуфтааст, бо […]

Asia--Plus



– Вазорати корҳои хориҷии Русия умедвор аст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон дар масъалаи зарурат надоштани табдили номи кӯчаҳо дар шаҳри Душанбе, ки ба қаҳрамонони замони шӯравӣ, ходимони илму фарҳанг ва санъат рабт доранд, назари собиқадоронро ба инобат мегиранд, – изҳор доштааст дар брифинг намояндаи расмии вазорат Мария Захарова.

Бино ба

 иттилои

хабаргузории ТАСС, дипломат гуфтааст, бо маводҳое дар бораи қарори ҳукумат оид ба ивази номи кӯчаҳо дар Душанбе шинос аст, ки он кӯчаҳо ба ифтихори қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ходимони намоёни илму фарҳанг ва ҳунари замони шӯравӣ номгузорӣ шудаанд.

Мария Захарова қайд кардааст, ки ҳамчунин ин масъала дар васоити ахбори умуми маҳаллӣ ба таври густарда инъикос ёфта, вокунишҳоеро ба бор овардааст.

«Ман ҳамчунин огаҳам, ки як зумра таърихшинсони маъруф, аз ҷумла намояндагони ташкилотҳои собиқадорон ва донишҷӯён ба ҷонибдории боқӣ гузоштани номи кӯчаҳо изҳори назар кардаанд, зеро саҳфаҳои пуршарафи таърихи халқҳои мо бо онҳо алоқамандӣ доранд», – иброз доштааст ӯ.

«Мехоҳам умедворӣ намоям, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ ин назари афроди пурнуфуз ва бахусус андешаи собиқадоронро ба инобат мегиранд», – таъкид доштааст номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.