Ронандаи дар Хоруғ кормандони милисаро захмикарда назди қонун ҷавоб мегӯяд



Нисбати сокини маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ З.Боронбеков дар прокуратураи шаҳр бо моддаҳои 328 қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330 қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, З.Боронбеков ҳангоми ҳаракат дар кучаҳои шаҳр бо автомашинаи сиёҳшиша ба талаби  қонунии кормандони БДА оиди боздоштани воситаи нақлиёт итоат накарда,  бо қисми пеши автомашина  нозири роҳ, сержанти калони милитсия Мамадзиёев Х. М.-ро тела дода, ҳаракаташро идома додааст.

Гуфта мешавад, тахминан пас аз 10-15 дақиқа З.Боронбеков ба ҷои ҳодиса баргашта, нозирони роҳ Давлатмамадов Д. Ҳ., Лайлиев Э. С., -ро  бо корд захмдор намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати З.Боронбеков бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол карда шуда, дар арафаи баррасӣ қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное