Гумонбарии сокини ҷавони пойтахт ба қатли ҳамсояаш



Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсояаш сокини 26-солаи ноҳияи Фирдавсиро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда бо ҳамсояаш марди 24-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, се маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное