Ниёзи БМТ ба мушовирон оид ба татбиқи лоиҳаҳои маблағгузории хурд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) омода аст, ки дар амалисозии лоиҳаҳо бо воситаҳои дастрасшуда аз Бонки исломии рушд (БИР) бо ширкатҳои косалтингӣ ҳамкорӣ намояд. Тавре хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ медиҳад , БИР баҳри амалисозии лоиҳаи «Маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воситаҳои қарзӣ ва кумаки техникӣ ҷудо кардааст. Гуфта мешавад, қисмате аз ин воситаҳо барои хизматрасонии машваратӣ, […]

Asia--Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) омода аст, ки дар амалисозии лоиҳаҳо бо воситаҳои дастрасшуда аз Бонки исломии рушд (БИР) бо ширкатҳои косалтингӣ ҳамкорӣ намояд.

Тавре хадамоти матбуоти БМТ

иттилоъ медиҳад

, БИР баҳри амалисозии лоиҳаи «Маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воситаҳои қарзӣ ва кумаки техникӣ ҷудо кардааст.

Гуфта мешавад, қисмате аз ин воситаҳо барои хизматрасонии машваратӣ, аз ҷумла гузаронидани санҷиши аудитории ҳисоботи молиявии лоиҳа ва таҳияи ҳисоботи санҷиши аудиторӣ сарф мешавад ва дар ин робита БМТ ширкатҳои машваратии дахлдорро барои иштирок дар хизматрасонӣ даъват намудааст.

Дар озмуни интихоби ширкатҳои машваратӣ ширкатҳое иштирок карда метавонанд, ки барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ, таҳияи ҳисоботи аудитории ақаллан як лоиҳаи аз ҷониби бонкҳои рушди бисёрҷониба ё ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузоришуда таҷриба дошта бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.