Анонс
– Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Иди Қурбон аквапарки «Делфин» аксия мегузаронад: аз 29 август то 11 сентябр билетҳои воридшавӣ барои калонсолон – 40 сомонӣ; барои кӯдакони қадашон то 140 см – 20 сомонӣ.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 7.8695 сомонӣ;
1 евро – 8.7926 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1185 сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1996 – Дар корхонаи гидрометаллургии Исфара коргоҳи истеҳсоли сурмаи металлӣ ба кор даромад.
2003 – Дар Душанбе Ҳамоиши байнулмилалии оби тоза «Об, муҳити зист ва амният» ба кор шурӯъ кард.
2007 — Тоҷикистон бо Парагвай муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ намуд.
2009 — Дар Тоҷикистон бо иштироки президенти мамлакат нақби «Шар-Шар» ба истифода дода шуд.
2010 — Нашри газетаи ҳамарӯзаи «ИмрӯзNews» дар Тоҷикистон оғоз гардид.
2010 — Нашри ҳафтавори ҷамъиятиву сиёсии «Азия-Плюс» ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монда шуд.
2011 — Дар Душанбе Парчами ҶТ дар пояи баландтарин дар ҷаҳон барафрохта шуд, ки ба Китоби рекордҳои Гиннес номнавис шуд.
1951 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова.
1956 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +14+19.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +37+39.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.


