Амалиёти «Бачаҳо» дар роҳҳои Тоҷикистон

Date:

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон эълон мекунад, ки аз 31 август то 10 сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад.

Дар эълон қайд мешавад, ки ҳадаф аз гузаронидани амалиёт пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.

«Амалиёт ба баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо нигаронида шудааст», – қайд мешавад дар эълон.

Зимнан аз пиёдагардон, падару модарон, омӯзгорон ва ронандагони дархост мешавад, ки ба кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, онҳоро дар кӯчаву роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоранд ва ба онҳо талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзонанд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...