Сокини Файзобод чоргоник ба дунё овард

Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба аёдати зане рафтанд, ки дар таваллудхонаи раами 1-и пойтахт чоргоник ба дунё овардааст. Чоргоникҳои Шаҳодат Нуралиеваи 28-сола, сокини ноҳияи Файзобод – 2 писару 2 духтар  рӯзи 24 август чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, Зуҳро Каримова духтури навзодон гуфтааст, […]

Asia-Plus

Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба аёдати зане рафтанд, ки дар таваллудхонаи раами 1-и пойтахт чоргоник ба дунё овардааст.

Чоргоникҳои Шаҳодат Нуралиеваи 28-сола, сокини ноҳияи Файзобод – 2 писару 2 духтар  рӯзи 24 август чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, Зуҳро Каримова духтури навзодон гуфтааст, айни замон саломатии модару кӯдакон хуб аст ва онҳо аз роҳбарияти ин мақомоти давлатӣ изҳори сипос намудаанд, зеро бо шунидани ин хушхабар намояндагони Кумита зуд ба пурсиши модари ҷавон омадаанд.

Ба тифлони навзод аз номи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Идигул Қосимзода туҳфаҳо тақдим карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.