Дар мактабҳои Тоҷикистон занги аввал садо дод

Рӯзи аввали соли нави хониш барои толибилмони тоҷик бо тамошои пахши мустақими суханронии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз гардид. Имрӯз, 1 сентябр дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ занги аввали соли нави хониш садо дод. Чун соли гузашта ба муносибати оғози соли хониш ҷамъомади тантанавӣ доир намегардад. Ҳамчунин имсол […]

Мавзуна Абдуллоева

Рӯзи аввали соли нави хониш барои толибилмони тоҷик бо тамошои пахши мустақими суханронии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз гардид.

Имрӯз, 1 сентябр дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ занги аввали соли нави хониш садо дод. Чун соли гузашта ба муносибати оғози соли хониш ҷамъомади тантанавӣ доир намегардад. Ҳамчунин имсол низ волидонро ба мактабҳо роҳ надоданд, онҳо пушти дарвозаҳои мактаб монданд.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, имсол беш аз 204 ҳазор нафар кӯдакон бори нахуст по ба остонаи мактаб мегузоранд. Дар Тоҷикистон 3 ҳазору 855 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1 млн. 800 ҳазору 50 нафар толибилмон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, аз соли нави таҳсил омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои Тоҷикистон бо усули нави таълим ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Хонандагони синфҳои ибтидоӣ тибқи усули нави "Таълими салоҳиятнок" бо таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд. Усули "таҳсили салоҳиятнокяк шеваи муосири таълим дар кишварҳои ғарбӣ аст ва Тоҷикистон ҳам ин таҷрибаи пешқадамро дар мактабҳояш роҳандозӣ мекунад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин усули нави таълимро соли гузашта дар 55 мактаби Тоҷикистон таҷриба кардааст. Баъди ба даст омадани натиҷаи хуб аз ин таҷриба соли ҷорӣ дар тамоми мактабҳо роҳандозӣ шудааст. Вазорат тасмим дорад, дар солҳои оянда низоми таълими салоҳиятнокро дар синфҳои болоӣ низ амалӣ кунад ва мактабҳои Тоҷикистон ба пуррагӣ ба ин низоми таҳсил мегузаранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио