Фавти 18 нафар аз оғози сол бар асари офатҳои табиӣ

Таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода рӯзи 31-уми августи соли равон бо ширкати иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Барномаи Руши СММ дар Тоҷикистон Ян Харфст ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон Ҷаласаи навбатии Гуруҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд. Бино […]

Asia-Plus

Таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода рӯзи 31-уми августи соли равон бо ширкати иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Барномаи Руши СММ дар Тоҷикистон Ян Харфст ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон Ҷаласаи навбатии Гуруҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ҷаласа масъалаҳои тавсеа, таҳким ва стратегияи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, оид ба методологияи арзёбиҳои зарар ва эҳтиёҷот қарор қабул шуда, шартҳои расонидани кумакҳои башарии байналмилалӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии мустақар дар қаламрави Тоҷикистон муайян карда шуданд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар суханронии худ аз ҷумла қайд кард: «Ба ҳам овардани неруҳо ва имкониятҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмакҳо ба эҳтиёҷмандон ин бояд шиорамон дар кори муштараки мо боқӣ бимонад».

Ҳамчунин,  сарвари Кумита ба ширкаткунандагони ҷаласа дар бораи ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиие, ки аз аввали соли 2016 то ба имрӯз рух доданд, маълумот дод. Аз ҷумла, вай гуфт, ки аз моҳи январи соли равон дар қаламрави кишвар 45 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 18 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар доираи таҳкими стратегияи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ Сарвари КҲФ ба ширкаткунандагони ҷаласа пешниҳод намуд, ки имсол Рӯзи байналмилалӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табииро, ки ҳамасола рӯзи 13-уми октябр баргузор мешавад, бо роҳандозии корҳои пешигирикунандаву фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олии кишвар бо ҷалби воситаҳои ахбори омма баргузор намоем.

Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар тасмими таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо ҳукумати Тоҷикистон ва боло бурдани иқтидори КҲФ-чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, объектҳои иқтисодӣ ва қаламрави Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ ҳамфикр буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио