Нигаронии иқтисодчиёни Украина аз расидан то ба сатҳи Тоҷикистон

Президенти Маркази таҳлили Украина иқтисодчӣ Александр Охрименко зимни як нишасти хабарӣ изҳори нигаронӣ кардааст, ки миёни кишварҳои узви ИДМ нисбат ба Украина танҳо дар Тоҷикистон андозаи музди меҳнат пасттар аст. «Украина миёни кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон бо музди меҳнати пасттарин рекорд гузошт. Нисбат ба мо танҳо дар Тоҷикистон маош камтар аст, ҳатто Қирғизистон аз мо […]

Пайрав Чоршанбиев

Президенти Маркази таҳлили Украина иқтисодчӣ Александр Охрименко зимни як нишасти хабарӣ изҳори нигаронӣ кардааст, ки миёни кишварҳои узви ИДМ нисбат ба Украина танҳо дар Тоҷикистон андозаи музди меҳнат пасттар аст.

«Украина миёни кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон бо музди меҳнати пасттарин рекорд гузошт. Нисбат ба мо танҳо дар Тоҷикистон маош камтар аст, ҳатто Қирғизистон аз мо пеш гузаштааст. Дар ҳамин ҳол, замонҳое буд, ки миёни кишварҳои ИДМ мо аз рӯи ҳаҷми музди меҳнат мақоми чорумро доштем», – хабар медиҳанд ВАО-и Украина бо такя ба гуфтаҳои номбурда.

Ӯ қайд кардааст, ки давоми се соли нопурра баъди оғози Евромайдон музди меҳнати миёна дар Украина ба андозаи 53% поин рафта, дар муқоиса бо 411 доллари соли 2013 феълан 195 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои ин Марказ бо такя ба маълумоти мақомоти омори кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон, нимсолаи аввали соли ҷорӣ музди меҳнати миёнаи аз ҳама баландтарин дар Русия – 556 доллари ИМА ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар Қазоқистон – 407; Гурҷистон – 391; Арманистон – 386, Беларус – 348, Озарбойҷон – 316, Молдова – 242, Қирғизистон – 202, Украина – 195 ва Тоҷикистон – 116 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки тӯли се соли ахир музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 2% – аз 114 доллар дар соли 2013 то ба 116 доллар то имрӯз афзудааст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи майи соли ҷорӣ музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон 910,44 сомонӣ (115,7 $)-ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.