Президент ҷавононро ба ҳурмату эҳтироми волидон даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷавононро ба ҳурмату эҳтироми волидон даъват кард. Ба гуфтаи президент, бо иллати коста гардидани маънавиёти баъзе ашхос имрӯз шумораи бошандагони хонаҳои пиронсолон дар кишвар зиёд шуда истодааст. «Баъзе фарзандон анъанаҳои неки милливу мазҳабиамонро зери […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷавононро ба ҳурмату эҳтироми волидон даъват кард.

Ба гуфтаи президент, бо иллати коста гардидани маънавиёти баъзе ашхос имрӯз шумораи бошандагони хонаҳои пиронсолон дар кишвар зиёд шуда истодааст.

«Баъзе фарзандон анъанаҳои неки милливу мазҳабиамонро зери по карда, аз нигоҳубини падару модаронашон даст мекашанд, волидайни худро ба чунин муассисаҳо месупоранд ва ҳамаи ранҷу заҳматеро, ки падар ё модар барои фарзанд мекашад, фаромӯш карда,  бешармона ҳасткунандагони худро хору зор ва бенигоҳубину танҳо мегузоранд. Бе нигоҳубин гузоштани волидайн ва хору зор кардани онҳо  бадтарин амали инсонӣ мебошад, ки на ба қоидаҳои ҷомеаи инсонӣ ва на ба фармудаҳои ислом мувофиқат мекунад», – таъкид дошт президент.

Сарвари давлат зикр кард, ки мо бояд на танҳо муҳимтарин анъанаҳои миллиамонро ҳифз намоем, балки онҳоро мунтазам такмил бахшида, ба ҷузъи ҷудоинопазири маънавиётамон табдил диҳем.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки баъди воқеаҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои навадуми асри гузашта соҳаи маорифи кишвар пурра фалаҷ гардида, танҳо дар водии Вахш садҳо муассисаи таълимӣ хароб гардида, садҳо ҳазор ҷилд китобҳои дарсӣ ва бадеӣ, ки дар китобхонаҳои мактабҳо нигоҳдорӣ мешуданд, сӯзонида шуданд. Бо туфайли ислоҳот ва татбиқи барномаҳои давлатӣ то ба имрӯз беш аз 2500 муассисаи таълимӣ аз нав бунёд гардида, ҳазорҳо муассиса аз таъмири асосӣ бароварда, ба шароити муосир мутобиқ гардонида шуданд, – гуфт президент. – Инчунин пояҳои моддиву техникии муассисаҳо пурқувват гардонида шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот ворид гардиданд ва масъалаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли ҷашнӣ ба 111 фоиз расонида шуд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.