Нашри Қуръону ҳадисҳо бо забони русӣ дар шакли барномаи компютерӣ

Китоби барои мусалмонон муқаддаси Қуръон ва Ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммад (с) бори нахуст бо забони русӣ дар шакли барномаҳо барои смартфон, паланшет ва дигар воситаҳои мобилӣ бо имкони ҷустуҷӯ ва пахши садо нашр шуданд, ки ин барномаро метавон аз мағозаи интернетии Google Play ба воситаҳои худ насб намуд. Барномаи «Қуръони муқаддас ва Ҳадисҳои Пайғамбар» аз тарҷумаи […]

Пайрав Чоршанбиев

Китоби барои мусалмонон муқаддаси Қуръон ва Ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммад (с) бори нахуст бо забони русӣ дар шакли барномаҳо барои смартфон, паланшет ва дигар воситаҳои мобилӣ бо имкони ҷустуҷӯ ва пахши садо нашр шуданд, ки ин барномаро метавон аз мағозаи интернетии Google Play ба воситаҳои худ насб намуд.

Барномаи «Қуръони муқаддас ва Ҳадисҳои Пайғамбар» аз тарҷумаи русии Қуръон ва Ҳадисҳо бо шарҳу тафсир ба он ва матни аслии арабӣ иборат буда, дар барнома ҳамчунин имкони ҷустуҷӯ бо матни Қуръону Ҳадисҳо ва шарҳу тафсир ба он бо назардошти қоидаҳои сарфу наҳви забонуи русӣ роҳандозӣ шудааст.

Қибла-компасе, ки дар барнома ҷой дорад, ба дуруст дарёфтани самти адои намоз дар ҳама макони будубош имкон медиҳад. Барномаи «Қуръони муқаддас ва Ҳадисҳои Пайғамбар» бо фармоиш ва дастгирии фонди “Русский мир” дар доираи лоиҳаҳои мақсадноки “Время говорить по-русски” (Замони бо русӣ ҳарф задан фаро расидааст) таҳия ва роҳандозӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.