«Алфа»: Роҳбари нави ДИ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА таълим гирифтааст

Роҳбари Ассотсиатсияи собиқадорони воҳиди зиддитеррористии “Алфа” Сергей Гончаров доир ба масъалаи вазири низомии Давлати исломӣ таъин шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов изҳори назар кардааст. Бино ба маълумоти агентии Хадамоти миллии иттилоотӣ бо истинод ба ин коршинос, пешвои нави Давлати исломӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ таълим гирифта, тарзу усулҳои кори дастаҳои […]

Asia-Plus

Роҳбари Ассотсиатсияи собиқадорони воҳиди зиддитеррористии “Алфа” Сергей Гончаров доир ба масъалаи вазири низомии Давлати исломӣ таъин шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов изҳори назар кардааст.

Бино ба маълумоти агентии Хадамоти миллии иттилоотӣ бо истинод ба ин коршинос, пешвои нави Давлати исломӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ таълим гирифта, тарзу усулҳои кори дастаҳои таъиноти махсуси шӯравиро азбар кардааст ва сипас дар ИМА ҳам чунин давраи махсуси омӯзишро паси сар кардааст. “Ин маънои онро дорад, ки ӯ ба истифодаи ҳама гуна аз ин тарзу усулҳо (тактика) муқобили ҳарифони худ имкон дорад”, – гуфтааст номбурда.

Сергей Гончаров бар ин назар аст, ки барои зодаи кишвари Осиёи Марказӣ чунин таъинот ифтихори бузург аст ва аз эҳтимол дур надонистааст, ки акнун шояд пайвастани зодагони давлатҳои Осиёи Миёна ба сафҳои Давлати исломӣ бештар шавад.

Чанде қабл маълум шуд, ки зодаи Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов роҳбари нави низомии Давлати исломӣ интихоб шудааст. Ҳалимов ба Дастаи таъиноти махсуси милисаи Тоҷикистон фармондеҳӣ мекард ва сипас ба хиёнат ба давлат муттаҳам дониста шуд. Ӯ пас аз марги Тархан Батирашвили, мулаққаб ба Абӯ Умар аш-Шишонӣ, ки дар ин мансаб қарор дошт, ба ин вазифа таъин шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер