Дар Тамбов духтари рӯймолпӯши тоҷикро ба мактаб роҳ надоданд

Дар шаҳри Тамбови Русия толибаи синфи 8-умро, ки бо рӯймол дар сараш ба машғулиятҳо ҳозир шуд, ба мактаби №36 роҳ надоданд ва ин бори аввал нест, ки бо мусалмондухтарон дар ин шаҳр (қаблан дар мактаби №13) чунин рафтор мекунанд. Роҳбари муассисаи таълимӣ ба нашрияи маҳаллии “Новый Тамбов” дар ин робита гуфтааст, дар мактаби №36 меъёри […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Тамбови Русия толибаи синфи 8-умро, ки бо рӯймол дар сараш ба машғулиятҳо ҳозир шуд, ба мактаби №36 роҳ надоданд ва ин бори аввал нест, ки бо мусалмондухтарон дар ин шаҳр (қаблан дар мактаби №13) чунин рафтор мекунанд.

Роҳбари муассисаи таълимӣ ба нашрияи маҳаллии “Новый Тамбов” дар ин робита гуфтааст, дар мактаби №36 меъёри ягонаи сарулибоси мактабӣ муқаррар шуда, ҳамаи хонандагон бояд мутобиқи он амал кунанд.

Маълум шудааст, ки ин духтар аз оилаи мусалмонҳо буда, ду сол пеш аз Тоҷикистон ба Тамбов омадаанд. Падари духтар Хуршед Сафолов қайд кардааст, ки айни замон сари масъалаи ба мактаб рафтани духтараш бо сарулибоси дунявӣ ва ё дар хона бо таълим гирифтанаш фикр дорад.

Моҳи феврали соли 2015 Суди олии Русия манъи ҳиҷобпӯшӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Мордовияро қонунӣ эътироф намуд. Қаблан суди Ставропол низ чунин қарор карда буд. Зикр гардида буд, ки дар Русия хусусияти дунявӣ доштани таълим муқаррар шуда, қарори манъи рӯймолбандӣ ба бехатарии хонадагон марбут аст.

Ғайр аз ин, аксари хонандагони муассисаҳои таълимии Русия зуҳуроти хеле зиёд ва барҷастаи динӣ дар ҳамсолони худро намеписанданд. Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон низ ба хонандагон бо рӯймол ва ҳиҷоб ба мактаб рафтан манъ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.